|
Падарсолор дар Точикистон | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дар хонаи синемои шахри Душанбе дар чорчуби хафтаи намоиши филмхои синемогарони Ирон мулокоти бинандагон бо Мухаммадъалии Кишоварз - хунарпешаи теотр ва синемои ирони доир шудааст. Он гуна ки дастандаркорони ин хафтаи фарханги мегуянд, ба хотири сафари окои Кишоварз ба Точикистон хафтаи намоиши синемои ирони барои як рузи дигар тамдид шудааст. Дар хонаи синемои шахри Душанбе дар як махфил тамошочиёни точик фурсат пайдо кардаанд, бо хунарпешаи дустдоштаи худ сухбат бикунанд ва ба суолоти худ посух бигиранд. Окои Кишоварз барои тамошочиёни точик бо филм-сериоли «Падарсолор», ки тавассути телевизиюни давлатии Точикистон беш аз як сол пеш ба намоиш даромада буд, ошност. Дар ин нишаст нахуст масъулони иттиходияи синемогарони Точикистон аз Мухаммадъалии Кишоварз шодбош гуфтаанд ва тибки сунани точики барои окои Кишоварз як чомаи милли пушонданд ва аз вай такдир кардаанд.
Сипас дар чараёни ин нишаст хаводорони синемо аз окои Кишоварз суолоти зиёде рочеъ ба тахсил ва фаъолияти вай дар теотр ва синемо карданд. Окои Кишоварз гуфт, ки вай форигуттахсили риштаи коргардони ва хунарманди теотр аст ва дуст дорад дар филмхои сериол накш ичро бикунад. Мухамадъалии Кишоварз афзуд, ки ин нахустин сафари вай ба Точикистон аст ва вай тафовуте миёни забони форси ва точики эхсос накардааст. Хамчунин вай гуфт, ки омода аст, бо синемогарони точик низ хамкори бикунад. Окои Кишоварз мегуяд, ки дар филмхое чун «Зери дарахтони зайтун», «Дилшудагон» ва амсоли онхо накш ичро кардааст ва дар филмхои коргардонхои синемои Ирон чун Бахроми Байзои, Фаррух Афори ва Аббоси Киёрустами накш офаридааст. Вале вай афзуд, ки дар холи хозир бештар дар телевизиюн фаъолият мекунад ва холо машгули ичрои накши чадид дар яке аз сериолхои телевизиюнии Ирон аст. Окои Кишоварз умед дорад, ки ин сериол низ дар Точикистон ба намоиш дарояд. Дар ин нишаст бинандагон низ аз масъулин хохиш кардаанд, ки филмхои бештари ирони чун «Падарсолор»-ро тавассути шабакахои телевизиюни Точикистон намоиш диханд. Дар ин нишаст хамчунин бархе аз дустдорони синемо хамзамон бо пурсишхои худ барои окои Кишоварз рочеъ ба худ ва фаъолиятхои худ мегуфтанд. Дар поёни мулокоти Мухаммадъалии Кишоварз бо тамошочиёни точик филми «Марди авази»-и коргардон Мухаммадризои Хунарманд намоиш дода шуд. Дар ин филм окои Кишоварз низ накшеро офаридааст. Мухаммадъалии Кишоварз дар чараёни ин сафари худ аз донишгохи хунархои зебои Точикистон низ дидан карда ва бо донишчуёни ин донишгох мулокот анчом додааст. Хамчунин вай мехмони истудиюи «Точикфилм» шуда ва бо масъулони он низ дар бораи вазъи хунарии ин истудию ва фаъолиятхои он сухбат кардааст. |
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||