BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 19:08 گرينويچ - سه شنبه 25 ژانويه 2005
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Нигохе ба китоби хотироти Атоуллохи Сафави
 

 
 
Руи чилди китоб
Руи чилди китоб
«Дар Модогон касе пир намешавад» достони зиндагии дуктур Атоуллохи сафави – иронии мукими Точикистон аст, ки аз бистосолаги дар замони бигир-бигири тудаихо (чапихои Ирон) пас аз фуру рехтани хукумати Пешавари ва Фиркаи Думукроти Озарбойчон аз Сори (дар Мозандарон) ва аз тарики Туркман-Сахро ба хавои гом ниходан ба бихишти мавъуд ба хоки Иттиходи Шурави мегурезад. Аммо дах сол ба урдугохи табъидиёни Шурави меуфтад, ки сияхрузии бошандагонашро бехтар аз хар касе нависандаи номдори рус Солженитсин тасвир кардааст

Сафави пас аз марги Истолин ва омадани Хрушчев саранчом табраа мешавад ва ба Точикистон меравад. Дар он чо дарс мехонад ва пизишку чаррох мешавад, аммо то поёни хукумати шурави бардаи сусиёлисм мемонад ва то имруз дар хасрати Моми Михан месузад. Зиндагии бархе инсонхо ба рости аз бозии такдир бо инсон хикоят дорад

Максуд аз касе «пир» намешавад ин аст, ки дар Могодон хама бар асари аъмоли шокка ва шиканчаи тавонфарсо чавонмарг мешаванд. «Урдугохи мо дар авосити моли 1949 байни 2000 то 2500 нафар зиндони дошт, аммо дар соли 1951 сесад то чахорсад нафар зинда монда буданд ва бакия нобуд шуда буданд. Баъзе аз зиндониён ба хар василае сад то саду панчох грамм намак аз ошпазхона медуздиданд, сипас ин намакро бо об ва сахмияи нони шабонарузи туи косаи халаби (тунукаи)-шон тарид ва махлут мекарданд ва мехурданд. Пас аз яке-ду руз тамоми бадан, ба хусус дасту по ва байзахо ба таври вахшатноке варам мекард. Зиндони бо ин худозори факат чанд рузе метавонист ба сари кор наравад. Они дигари мураттаб ях мехурд (дар канори Укёнуси Мунчамиди Шимоли) то гирифтори онжин (ангина) бишавад. Баъд аломати бемории калби намудор мешуд. Хаёл накунед, ки ин афрод бо ин корхо метавонистанд аз дасти азоби рузмарра фирор бикунанд! Масъулони зиндон ба онхо беэътинои мекарданд, то чон биспоранд ва дигарон мутаваччех бишаванд, ки ин корхо фоидае барояшон надорад».

Ривояти дуктур Сафави хотироти як ирони аз мачмаъ-ул-чазоири ГУЛОГ аст. Дар вокеъ ин китоб мачмаъ-ул-чазоири ГУЛОГ-и форсист. У, ки дах сол дар урдугоххои Сибри ба сар бурда, дар китобаш фавароне аз тасовири дахшатнок ба намоиш мегузорад. Тасовире, ки дар онхо чонвароне дар хайъати инсон бар инсонхои дигар фармон меронанд ва аз рафтори гайриинсони бо онхо ибое надоранд, лаззат мебаранд. Аз ранчхову дадхуихое мегуяд, ки чуз бо хондани китоб наветавон дар кард, хамчунон ки хасратхо ва афсусхои бепоёне дорад, ки чуз бо хондани саргузашти у кобили дарк нест

Дар «Хафт пайкар»-и Низомии Ганчави достонхое хаст, ки дар онхо кахрамони достон ба фиреби деве фариштаосо ба богу бустоне кадам мегузорад, ки пур аз гулхои муъаттар ва анвоъи раёхин аст. Аммо чун ба худ меояд, худро дар миёни морону аждахоён меёбад. Ё бо жухтароне хамбистар мешавад, ки дар зебои рашки фалаканд, аммо дар миёнаи кор мебинад бо дев ё ачузаи хафтхазорсолае хамогуш шудааст, ки буи тани у девро мегурезонад, чи расад ба одами. Ва ё бадтар аз хама, рохе, ки карор аст дар чанд дакика тай шавад, рузхову шабхо тул мекашад ва нафаси кахрамонро мебурад

Саргузашти дуктур Сафави аз кумоши достонхои «Хафт пайкар» аст. Дар вокеъ, дарди асли аз ихтилоф ва фосилае падид меояд, ки байни тасаввуроти дуктур Сафави аз чомеъаи шурави ва вокеъияти мавчуди он вучуд дорад. У хаёл мекарда гом дар бехтарин ва одилонатарин системи хукуматии чахон мегузорад, вале ба бадтарин ва золимонатарин системи дунё дар уфтодааст

«Онхо (тудаихо) магзхои холии моро бо таблигот пур мекарданд ва мо хам ин таблиготро айни хакикат мепиндоштем ва аз рохи дур надида ошики сусиёлисми шурави мешудем. Он хам чи ошике! Магар касе метавонист бигуяд болои чашми Истолин абруст?!»; «Вакте ба ёд меовардам, ки мо ва рахбарони мо дар Ирон бо чи шуру шавке аз Шурави ва Истолин ноогохона дифоъ мекардем, ба холати чунун дучор мешудам»; «Аз ихтилофи он чи мо дар бораи Шурави шунида ва ё хонда будем ва он чи мушохида мекардем, дучори саргича шуда будем ва сарамон монанди каду пук шуда буд»; «Яке аз руасои зиндони Могодон мегуфт: Танхо кор кардани шумо бароямон мухим нест, балки азобу дард ва шиканчаи рухи ва марги тадричии шумо бароямон ахамият дорад»

Торихи Русия машхун аз ситамкорист, аммо хадафхои ситамгарон мутафовит будааст. Петри Бузург барои сохтани шахре чун Путурзбург мардумонро ба бардаги игирфт. Гуянд, ки саду панчох хазор тан дар ботлокхои он талаф шуданд, то шахр сохта шуд. Аммо Петр мехост бо ичоди ин шахр панчарае ру ба Урупо бигшояд ва кишварашро ба кофилаи дунёи мутамаддин ва мутачаддид бирасонад.Аз ин ру дар канори хамаи ситамхояш Вултер, Бетном, Хердер ва Лойбнитс ва дигаронро аз давлати худ бахраманд мекард

Истолин ситамкории Петрро чандин баробар кард, панчараи ру ба Урупоро бибандад. Пас деворе ба даври кишвараш кашид, ки чунбандае аз он омаду шуд наметавонист кард. На танхо равшанфикрони чахонро ба дарун рох намедод, балки равшанфикрони русро хам ба каъри урдугоххои кори ичбори мефиристод ва ба бардагон мубаддал мекард. Давраи Истолин яке аз сиёхтарин даврахои торихи Русия аст ва хукумати у низ дасти тезор (шохони рус)-ро аз пушт баста буд ва пулиситарин ва саркубкунандатарин хукумати чахон буд

Бо вучуди ин, хамин хукумат ба зарби таблигот ва эътикодоти ахзоби бародар ба Каъбаи омоли ватанхохони чахон бадал шуда буд ва муборизони рохи озоди дар рохи он аз хич чонфишони дарег намекарданд. Ин муборизон бо вокеъиятхои Шурави ошнои надоштанд. Факат замоне ки ба каъри он дар меуфтоданд, ба вокеъияти дарунии он пай мебурданд. Хамин аст, ки дуктур Сафави мегуяд: «Хотироти Киёнуриро бо хирсу чуш зондам. Назариёти вай танаффури амике дар ман барангехт. Танхо илочи вай як мох кор дар урдугоххои Сибри буд, то дар олами хапарут ин лотоилотро ба хам набофд»

Аз омузандатарин нукоти китоб диккат дар тафовутхои миёни ситамгарон ва дар ин мавриди хос тафовути миёни Хрушчев ва Истолин аз дидгохи дуктур Сафавист

Пас аз ба кудрат расидани Хрушчев ва гузориши машхури у ба Кунгреи бистум буд, ки вазъи зиндонхо ва урдугоххои кори ичбори бехтар шуд ва бо бардагоне, ки то он замон хануз намурда буданд, рафтори инсонитаре дар пеш гирифта шуд, то баъдхо табраа шуданд ва начот ёфтанд. Хрушчев низ дабири аввали хамон низоми гайриинсони буд. Бо вучуди ин, дуктур Сафави таъкид мекунад, ки «тафовути у бо Истолин дар даруни хамон низом аз замин то осмон буд. Хрушчев бо аъмоли баъди тавонист номи некуе аз худ дар торих ба чой бигзорад. Касоне, ки дар даруни низомхои чаббор ин тафовутхоро намебинанд, дар олами руъё хастанд ва аз сиёсат ва вокеъияти чомеъаи худ бехабаранд»

Нуктахои хошияи китоб низ чолиб аст. Хонандагони форсизабон медонанд, ки яке аз кахрамонони румони «Калидар» шахсияте ба номи Балуч аст, ки монанди бисёре дигар аз тудаихо ба Шурави гурехт. Дуктур Сафави, ки Курбони Балучро хуб мешинохта, аз у бо сифоти «хабаркаш» ва «одамфуруш» ёд мекунад ва мегуяд, дар давраи дабири аввалии Ховари кор ба чое расид, ки Курбони Балучро, ки саводи хондану навиштан надошт, узви Кумитаи Марказии Хизби Тудаи Ирон карданд. «Вакте дар канори «Калидар»-и Давлатободи накши Курбони Балучро хондам, хандаам гирифт. Лобуд окои Давлатободи шунидахои худро ба калам кашидааст, аммо ба назар мерасад, ки окои Давлатободи нигохи пупулисти доштааст»

Аз вакоеъи мухимми хотироти дуктур Сафави яке хам ин аст, ки у дар худуди солихои 1368 (1989) ба Ирон мурочеъат мекунад, аммо шароит чунон тагйир кардааст, ки дигар барои у кобили тахаммул нест. Пас аз муддате атои миханро ба ликои он мебахшад ва бори дигар ба Точикистон меравад

Хотироти дуктур Сафави ба кушиши Атобаки Фатхуллохзода мунташир шуда, ки худ аз чирикхои Фидоии Халк буд ва пас аз гурез аз Ирон гузораш ба Точикистон уфтод ва бо ирониёни сияхрузе, ки аз урдугоххои кор баргашта буданд, ошнои ёфт. У хамон касест, ки ду-се сол пеш «Хонаи Дои-Юсуф»-ро навишт. У дар мукаддимаи худ бар китоб ангезаашро кунчкови ва эхсоси хамдарди бо касоне баён мекунад, ки ба унвони насли пеш аз у ба чаханнами «Дои-Юсуф уфтода буданд. Хамин ангеза уро во медошт, ки пои сухбаташон бинишинад ва саргузашти талхи ононро сабт кунад

Аз хилоли китоб низ метавон дарёфт, ки Фатхуллохзода дар навиштани ин хотирот чи накши умдае доштааст. Вай аз тарики нома ва телефун мураттаб суолхое матрах мекарда, то чузъиёти саргузашти дуктур Сафавиро сабту забт кунад. «Аз ман пурсида буди, ки мурдахоро кучо ва чи гуна дафн мекарданд?.. Мисли ин ки то чикку пукашро дарнаёвари, велкун нести!.. Хотироти дуктур Сафави аз тарики хамин номахост, ки ривоят мешавад. «Атобак – кордоши овора, салом! Номаи туро дируз дарёфт кардам. Аз ин ки ин охири умри хотироти худамро ба калам меоварам ва ё телефуни ба суолоти ту посух мегуям, аз кори худ эхсоси ризоят мекунам. Наслхои пешини мо ба хар далел натавонистанд роху равиши солиме барои дарс гирифтани мо – чавонони онрузи дошта бошанд. Холо ман танхо коре, ки аз дастам бармеояд, ин аст, ки тачрубаи худро ба наслхои оянда мунтакил кунам»

Дарди дилхои дуктур Сафави, кидар хилоли хотироташ хама чо ба чашм мехурда, бар чаззобияти китоб афзудааст. Дили пурдарде, ки у дорад, сабаб шудааст навиштахояш мудом аз хотира ба дил ва аз дарди дил ба хотира бигалтад. Худаш хам мутаваччехи мавзуъ хаст. «Атобаки азиз! Агар дарди дил гузашт, ба хотироти худ бипардозам!»

Шиноснома

Дар Могодон касе пир намешавад
Ба кушиши Атобаки Фатхуллохзода
Нашри «Солис» (Техрон)
сесаду чихилу се сафха, 3100 тумон

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران