BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 18:33 گرينويچ - پنج شنبه 23 دسامبر 2004
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Даргузашти Иржи Бечко
 

 
 
Иржи Бечко
Иржи Бечко дар холи мутолеъа дар манзилаш дар Прог. Нигора аз Мехдии Чоми
Шоми рузи сешанбе (21 декабр) Иржи Бечко - эроншиноси машхури чек дар синни 89-солаги дар шахри Прог даргузашт.

Ин мухаккики саршиноси чек рочеъ ба адабиёти кишвархои Осиёи Маркази, ба вижа осори адибони точик дар карни 20 пажухишхои боарзише анчом дода ва дар Урупо осори зиёдеро дар ин замина ба забонхои мухталифи хоричи ба чоп расондааст.

Бисёре аз фархангиёни точик хидмати ин ховаршиноси сохибноми чекро дар муъаррифии осори нависандагон ва шуъарои точик ба чахониён шоистаи тахсин ва мондагор тавсиф кардаанд.

Иржи Бечко - ховаршиноси факиди чек беш аз 40 соли ахир ба пажухиши фарханг ва адабиёти форсии точики машгул буд. Дар ин муддат вай дар бораи шуъаро ва нависандагони точик ва осори онхо беш аз 50 китоб ва маколоти зиёд таълиф ва дар Урупо ба чоп расондааст.

Ба гуфтаи окодемисян Мухаммадчон Шакури - узви пайвастаи Фархангистони забон ва адаби форсии Эрон, хидмати ин мухаккики саршиноси чек барои ошно кардани мардуми кишвархои мухталифи чахон бо мероси адаби, фарханги ва торихии точикон дар карни 20 бисёр бузург аст. Зеро ин осори Иржи Бечко дар канори забони чеки ба забонхои инглиси, итолиёи ва олмони низ ба табъ расидааст.

Окодемисян Мухаммадчон Шакури аз даврони хамкорихои худ бо Иржи Бечко хотироти чолибе дорад. Окои Шакури мегуяд:

АРЧГУЗОРИ
Иржи Бечко
 Аз миёни мухаккикони эроншиноси Урупо танхо Иосиф Брагинский ба андозаи Иржи Бечко барои пажухиши осори шуъаро ва нависандагони точик ва муъаррифии адабиёти точик ба чахониён хадамоти шоиста анчом додааст
 
Бисёре аз донишварони точик

«Ман ва мухаккикини дигари забон ва адабиёт дар Точикистон аз Иржи Бечко номахои зиёд мегирифтем, номахои у пур аз суол буданд. Гохо барои посух ба як пурсиши вай бисёр тахкик мекардем. Истилохи «Садриддин Айни – падари фарханги имрузи точик» ба Иржи Бечко марбут аст. У дар пайи тарчумаи осори Айни ба забони чеки ва тахкики ин осор ба чунин натича расидааст.»

Ба эътикоди бисёре аз донишварони точик аз миёни мухаккикини эроншиноси Урупо танхо Иосиф Брагинский ба андозаи Иржи Бечко барои пажухиши осори шуъаро ва нависандагони точик ва муъаррифии адабиёти точик ба чахониён хадамоти шоиста анчом додааст.

Ин ховаршиноси чек 44 сол кабл дар мавзуъи торихи адабиёти форсии точики рисолаи дуктури дифоъ карда буд.

Ба гуфтаи окодемисян Шакури китобхонаи шахсии Иржи Бечко комилтарин ганчинаи адабие махсуб мешавад, ки рочеъ ба адабиёти кишвархои Осиёи Маркази, ба вижа Точикистон осори зиёдеро гирд овардааст.

Иржи Бечко дар панч соли ахир раёсати Анчумани равобити фархангии Чек бо Точикистон, Эрон ва Афгонистонро бар ухда дошта ва хамзамон сардабири фаслномаи «Бустон» буд.

Ин фаслнома тозатарин намунахои осори адибони точикро ба табъ расонида ва мухимтарин руйдодхои фархангии ин се кишвари форсизабонро бозтоб медод

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران