BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده:
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
Конфаронси байналмиллалии нусхахои хатти
 

 
 
Конфаронси байналмиллалии марбут ба осори хатти
Мавзуъи аслии конфаронси байналмиллали - чилавгири аз нобуди ва хифозати нусхахои хатти дар ин чахор кишвари Точикистон, Ирон, Афгонистон ва Узбакистон аст
Дар як конфаронси байналмилали дар шахри Душанбе гуфта шудааст, ки таъсиси марокизи вижа барои тахкики нусахи хатти дар сартосари чахон метавонад, мушкилоти дастраси ба иттилоъот дар мавриди вазъи чунин осорро дар кишвархои мухталиф бехбуд бубахшад.

Ин нишаст, ки ба накши китоб дар эхёи тамаддуни Шарк ва масоили пажухиши нусхахои хатти ихтисос дошт ва дар он намояндагони Точикистон, Ирон ва Афгонистон ва Узбакистон ширкат кардаанд, вазъи муассисоти нигахдории нусхахои хатти ва дастнависхо дар ин кишвархоро мавриди барраси карор дод.

Ин конфаронс ба ибтикори вазорати фарханги Точикистон ва химояти молии намояндагии Сандуки Сорос дар ин кишвар баргузор шудааст.

 Осори хатти дар Институи нусахи хатти ва ховаршиносии фархангистони улуми Точикистон, Музеи Бехзод, донишгохи миллии Точикистон ва донишгохи шахри Хучанд махфузнд. Ба чуз аз фархангистони улум барои тахкики осори хатти дар муассисоти дигар фаъолиятхои каме анчом шудааст. Имкони хифозати ин осор дар сохтмонхои ин муассисот вучуд надорад.
 
Сафар Сулаймони - раиси пажухишгохи фарханг ва иттилооти вазорати фарханги ТочикистонТочикистон

Дар ин конфаронси байналмилали, ки ба гуфтаи масъулин, хадафи аслии баргузории он чилавгири аз нобуди ва хифозати осори хатти дар ин чахор кишвари Точикистон, Ирон, Афгонистон ва Узбакистон аст, пажухишгарони ин кишвархо вазъи нигахдории нусхахои хатти дар ин кишвархо ва дастраси ба чунин осорро матрах карданд.

Хамчунин яке аз ахдофи ин конфаронс таъсиси як маркази муштараки вижа унвон шудааст, ки вазифаи он гирдоварии иттилоъот дар мавриди нусахи хаттии форси дар сартосари чахон ва истифода аз ин иттилоъот барои пажухишгарони ин кишвархо хохад буд.

Сафар Сулаймони – раиси пажухишгохи фарханг ва иттилооти вазорати фарханги Точикистон мегуяд, бо тавачух ба ин, ки нусахи хатти дар чахон хеле парокандааст, яке аз ахдофи ин конфаронс танзими як системи вижаи иттилоъоти дар иртибот ба нусхахои хатти аст.

Окои Сулаймони дар робита ба вазъи нусхахои хатти дар бархе аз муассисоти фархангии Точикистон мегуяд:

«Осори хатти дар Институи осори хатти ва ховаршиносии фархангистони улуми Точикистон, Музеи Бехзод, донишгохи миллии Точикистон ва донишгохи шахри Хуxанд махфузнд. Ба чуз аз фархангистони улум барои тахкики ин осор дар муассисоти дигар фаъолиятхои каме анчом шудааст. Имкони хифозати ин осор дар сохтмонхои ин муассисот вучуд надорад. Аз ин ру дар ин конфаронс мо дар бораи фарохам кардани шароити хуб барои нигахдории нусахи хатти сухбат кардем.»

Окои Сулаймони мегуяд, ширкати мутахассисин аз Ирону Афгонистон ва Узбакистон дар ин конфаронс ва суханронихои онхо пажухишгарони точикро бо вазъи ин арса дар ин кившархо бехтар ошно хохад кард.

Сайидали Довуд - нависанда ва мухакики ирони гуфт, дар мукоиса бо кишвархои Точикистон ва Афгонистон вазъи нигахдории нусхахои хатти дар шахрхои марказии Ирон бехтар аст.

Аммо окои Довуд афзуд дар манотики дуруфтодаи Ирон вазъи нигахдори ва дастраси ба осор ва нусхахои хатти то андозае ба душворихо ру ба руст.

 Ман умедворам маркази муштараке бо хамкории Ирон ва Точикистон дар ин чо таъсис бишавад, ки фехристнигорхои чавонро таълим бидихад ва сипас дар тахияи фехристи нусахи хатти дар сартосари Точикистон сахм бигирад
 
Саидалии Довуд - пажухишгари ирони

Сайидали Довуд дар бораи хамкорихои се кишвари форсизабон дар заминаи китобшиноси ва пажухиши нусахи хатти мегуяд:

«Баъд аз истиклоли Точикистон давлати Ирон ва муттахасисини ирони коре хеле хуберо дар Точикистон огоз карданд. Вале хануз дар китобхонахои Точикистон кутуби зиёде вучуд дорад ва мутаассифона фехрист нашудаанд. Ман умедворам маркази муштараке бо хамкории Ирон ва Точикистон дар ин чо таъсис бишавад, ки фехристнигорхои чавонро таълим бидихад ва сипас дар тахияи фехристи нусахи хатти дар сартосари Точикистон сахм бигирад.»

Масъулини ин конфаронс гуфтанд, ки Хайдари Вичуди ва Нилоб Рахими - ду пажухишгари Афгонистон ба далоили мухталиф натавонистанд дар ин конфаронс ширкат кунанд.

Аммо Сайидали Довуд – пажухишгари ирони вазъи нигахдории осори хатти дар Афгонистонро ин тавр тавсиф кард:

«Солхои кабл дар Афгонистон як теъдод аз фехристхои парокандаи нусахи хатти чоп шуда буд. Баъзе аз нусхахои хаттии мухиме дар маколоте хам муаарифи шуда, ки аксаран дар мачалоти Ирон ва «Адаб»-и Кобул чоп шудааст. Мутаассифона, мо дар холи хозир иттилоъи чандоне аз мавчуди нусхахои хаттии Кобул ва соири шахрхои Афгонистон надорем. Вале тавре ки бархе аз кормандони вазорати хоричаи Ирон гуфтаанд, дар шахри Хирот китобхонахои бузурги нусахи хатти вучуд дорад ва умедворам, ки оромише ки дар холи хозир дар он чо падид омад, ба ин масъала таваччух шавад ва кори бунёдие, ки Точикистон дар ин замина огоз кардааст, дар Афгонистон низ шуруъ шавад.»

Ин мухакики ирони хамкорихои пажухишгарони ирони ва точикро дар заминаи чопи фехристи нусхахои хатти дар Точикистон ва Ирон созанда арзёби кард.

Аммо гуфта мешавад, дар даврони чанги дохили дар Точикистон теъдоди кобили мулохизаи осори нодири хатти аз муассисоти фарханги ин кишвар ба сиркат бурда шудааст.

Ва ба эхтимоли зиёд яке аз ахдофи таъсиси маркази вижаи чамъоварии иттилоъот дар бораи нусхахои хатти мушаххас кардани ановини осорест, ки ба гуфтаи бархе аз пажухишгарон то хол макон ва микдори ин кутуби нопадид шуда маълум нест.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران