|
Корвони шоди дар Душанбе | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Субхи имруз (шанбеи 20 ноябр) ба муносибати 80-умин солгарди эъломи Душанбе ба унвони пойтахти Точикистон дар хиёбони марказии ин шахр корвони шоди баргузор шудааст. Ин корвони шоди бо вучуди резиши борон ва сардии хаво дар майдони Дустии шахри Душанбе, дар пояи мучасаммаи Исмоили Сомони ба истикболи 80-умин солгарди эъломи Душанбе ба унвони пойтахти Точикистон баргузор шудааст. Дар маросими ин корвони шоди раиси чумхурии Точикистон, шахрдори Душанбе ва макомоти дигари баландпояи ин кишвар ва мехмонону сокинони шахри Душанбе ширкат кардаанд. Баргузории ин маросим тахти мурокибати шадиди амнияти сурат гирифта ва ба ин далел аксари сокинон ва мехмонони шахри Душанбе натавонистаанд корноволро аз наздик тамошо кунанд. Бархе аз чавонони ширкаткунанда аз баргузории ин чашн изхори хурсанди кардаанд. Як чавони бистсолаи точик, ки бо дустонаш аз куча рад мешуд, гуфт: "Мо бисёр хурсандем, ки барои аввалин бор дар шахри Душанбе корновол баргузор мегардад. Мо чавонони точик чунин чашнеро каблан танхо аз телевизиюн хангоме ки дар кишвархои хоричи, бавижа Урупо баргузор мешуд, медидем. Баргузории ин чашн далели оромиву ободии шахри Душанбе ва субот дар Точикистон аст". Духтари чавоне гуфт: "Баргузории ин корновол ва чунин чашнхо мо чавононро ба оянда хушбин месозад. Мо ифтихормандем, ки дар чунин чомеъае озод зиндаги мекунем".
Аммо шумори зиёде аз алокамандони тамошои ин корвони шоди, бавижа Зеро нирухои пулиси шахри Душанбе барои вуруди онхо ба базмгох монеъ шуданд. Бархе афрод аз чунин вазъ ибрози норохати карданд: Як донишчуи чавон гуфт: "Ман бо дустонам ба умеди тамошои корвони шоди ба маркази шахр омадем, вале пулис нагузошт вориди базмгох шавем. Мачбур хастем ба манзиламон бозпас гардем". Духтаре бо чехраи гирифта афзуд: "Корвони шоди барои чавонону духтарон аст, пас чаро моро намегузоранд то дар ин махфил ширкат кунем. Агар вазъ чунин аст, пас ин корновол ба дарди ки мехурад?". Хамчунин, шоми имруз дар варзишгохи марказии шахри Душанбе барномаи бузурги фарханги ва хунари бо ширкати хазорон нафар аз донишчуён ва гуруххои хунарию мусики баргузор шуд. Бо ичрои ин барнома тадобири тачлил аз 80-умин солгарди эъломи Душанбе ба унвони пойтахти Точикистон, ки тули ин хафта идома дошт,ба поён расид. |
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||