|
Эътирози зартуштиён ба Оливер Стоун | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Дар пайи як гуфтугуи телефуни миёни Зубин Мехто – аз охангсозони баноми порсии Хинд ва Оливер Стоун – коргардони филми тозаи «Искандар» масъалае, ки боъиси нигаронии равшанфикрони зартуштии чахон шуда буд, бартараф шудааст. Оливер Стоун – аз коргардонони саршиноси Омрико филми хамосаие сохтааст, ки аз рузгор ва мочарохои зиндаги ва марги Искандари Макдуни – чахонгушои юнонии карни чахори пеш аз милод хикоят мекунад. Карор аст намоиши ин филми пурхарч дар синемохои Омрико ва Урупо, ки накши аввали онро Колин Феррелл бози мекунад, рузи панчи нувомбри соли милодии чори огоз шавад. Аммо ин филм хатто пеш аз он ки руи пардаи синемохо биравад, чанчоле барангехтааст. Умдатарин мавриди эътирози зартуштиён истифода аз нишони Фравахр – як нишони мукаддаси зартушти ба унвони замина барои номи Искандар будааст.
Фируза Пунтаки Мистри - аз нависандагони донишномаи бузурги зартушти ба номи «Накшу нигори зартушти» дар шахри Бомбаии Хинд мегуяд, ки порсиёни Хинд аз нахваи истифода аз Фравахр нохушнуданд ва бар ин боваранд, ки Оливер Стоун – созандаи филм аз назароти коршиносон бахравар нашуда, то онхо хушдораш бидиханд, ки ба нишони мукаддаси Фравахр чунин беэхтиромиро раво надонад. Бону Пунтаки Мистри мегуяд, ки нишони Фравахр чузъи бунёдини илохиёти зартуштист ва намоди арвохи гузаштагони мост ва дар сардари хамаи ниёишгоххо ва осори торихии маздаясни хак шудааст. Зартуштиён хамасола дах рузи мохи фарвардинро ба гиромидошти Фравахр ихтисос медиханд. Ба бовари бархе дигар аз зартуштиён, Фравахр намоди порае аз партави ахуроист, ки мояи пешрафту суъуди навъи башар мешавад
Зубин Мехто – охангсози хинди, ки барои нахустин бор хаму таваччухи чомеъаи зартушти ва эрониёнро ба ин мавзуъ чалб карда буд, зимни гуфтугуе телефуни бо Оливер Стоун аз нахваи корбурди нишони Фравахр дар огахихои филми «Искандар» изхори нигарони кардааст. Дафтари филмсозии Оливер Стоун дар Холивуд зимни мукотибае электруник бо барномаи Мачаллаи Осиёи Миёнаи бахши форсии Би-Би-Си эълом кард, ки окои Стоун аз фарзон ё маънии нишони Фравахр нек огох буд, вале касд надошт бо корбурди он дар огахихои филмаш касеро биозорад. Ба гуфтаи Роб Вилсун – дастёри Оливер Стоун дар Холивуд, коргардони филми «Искандар» ба дунболи сухбатхои окои Мехто тасмим гирифтааст тасвири Фравахрро аз хамаи огахихои отии филмаш берун бикашад. Вале окои Вилсун тавзех надод, ки дар сурати огохи аз асолати нишони Фравахр чаро вай бад-ин гуна аз он истифода кардааст.
Озурдагии зартуштиён аз ин нахваи корбурди нишони Фравахр аз хисси инзичори торихии онон ба шахсияти Искандари Макдуни ноши мешавад. Ин дар холест, ки Искандари Макдуни тавассути бисёре аз милали чахон, ба вижа дар Урупо ва Омрико сардор ва рахбари пирузманде ба шумор меояд ва хамоно шухрату махбубияти у буда, ки номи Александр ё Искандарро то кунун руи фарзандонашон мегузоранд. Аммо теъдоди зартуштиён, ки Искандарро гучастак (нафриншуда) хитоб мекунанд, руихамрафта дар чахон андак аст. Бо вучуди ин, Фируза Пунтаки Мистри – пажухишгари зартушти муътакид аст, созандаи филм, ки дар асараш бо торихи зартуштиён низ сару кор дорад, бояд ба ин нукта таваччух мекард ва нишони Фравахрро бо номи Искандар дарнамеомехт. Зеро, ба гуфтаи вай, зартуштиён дар бораи Искандар назари мутафовите доранд ва пайваста мухолифи такаддус ва худогунасозии Искандар будаанд.
Зартуштиён бар ин боваранд, ки кеши шахсияти Искандар фаровардаи бархурди комилан гарбии понхелленик ё юнонисолорона бо он бурха аз торих аст. Бону Пунтаки Мистри мегуяд, ки Искандар ба унвони нахустин юноние, ки Ирон ва бахши азиме аз Ховарзаминро тасхир кард ва мардуми сарзаминашро аз дарди хиффату хори начот дод, пеши юнониён ба хак кахрамон ба шумор меравад. Аммо, ба гуфтаи бону Мистри, дар навиштахои зартушти аз Искандар, ки мубадонро сар бурид, ампротурии Иронро вожгун кард ва ниёишгоххои зартуштиро ба оташ кашид, бо сифати гучастак ёд шуда ва пайванд додани нишони Фравахр бо у ихонат ба порсиён ва ирониён аст. |
| ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
| |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||