Аз бисту якуми март шуруъ карда ба муддати се руз дар Точикистон низ аз иди Наврузи хучастапай бо баргузории расму ойинхои мухталиф бо шукуху шахомати вижа тачлил ба амал меояд.
Бештари пажухишгарон низ бар ин назаранд, ки харчанд тачлили Навруз дар даврони Шуравии пешин дар Точикистон мамнуъ будааст, вале мардуми ин кишвар тавонистаанд Чашни Наврузро ба унвони бахше аз фархангу мероси ниёкони худ то ба имруз хифз кунанд.
Тачлили Навруз, ки дар торихи мардумони ориёи собикаи чанд хазорсола дорад, барои мардуми Точикистон як чашни милли ва суннати махсуб мешавад.
Харчанд макомоти вакти хизби куммунисти Точикистон дар даврони Шурави, дар рохи тачлили Чашни Навруз дар ин кишвар мавонеъи зиёде ичод мекарданд, ин чашн комилан аз байн нарафт ва гузашта аз ин, дар миёни сокинони манотики мухталифи ин кишвар Навруз ба унвони чашни поки ва огози соли нав чойгохи вижае касб кард.
Махмуди Икроми, пажухишгари ирони дар ин бора мегуяд: «Точикистон худуди хафтод сол зери хукумате будааст, ки сайъ дар тазъифи ойинхо ва равишхои милли доштааст. Хафтод сол хукумат гуфтааст, ки Навруз набояд бошад, вале точикон онро нигах доштаанд. Хафтод сол гуфтаанд, ки Навруз соли нав нест ва якуми январ соли нав аст, вале мардуми точик аз Навруз ба унвони соли нав тачлил кардаанд. Ман муътакидам, ки точикон нисбати Навруз бисёр пойбанд хастанд ва барои густариши ин иди милли талош хоханд кард».
Гулгардони
Аз омадани Навруз кабл аз хама кудакон бо баргузории маросими гулгардони ба дигарон пайгом мерасонанд. Ин маросим як хафта кабл аз Навруз, яъне дар авоили дахаи дуввуми мохи морс аз суи гурухе аз кудакон, ки дар даст гулхои сияхгуш, бойчечак ё наврузи доранд, ичро мешавад.
Ин кудакон ба хар манзили маскуни наздик шуда ва бо кироъати шеърхое фарорасии фасли бахорро ба сохибони он хонадон шодбош мегуянд.
![]() |
Гул овардм, аз ун пойён,
Хабарат мекнм, дехкон,
Бте галла ба глгардон,
Бахори нав муборак бод!
Гли зардак сано мега,
Санои Мустафо мега,
Ба хар пахлу Хдо мега,
Бахори нав муборак бод!
Дар посух ба табрикоти кудакон сохибхонахо ба онхо микдоре гандум, нахуд, наск ва анвои дигари махсулоти галла ё ширини эхдо мекунанд ва кудакон бо чамъовардани идии худ ин маводро ба манзили яке аз дустон мебаранд ва сохиби манзил барои онхо газои наврузи омода мекунад.
Суманак дар чуш мо кафча занем
Омодагии мардум барои тачлил аз Навруз бо тамиз кардани манзилу атрофи махал огоз мешавад, ки ин маросими «Хонатакони» аст. Мухимтарин гизои наврузи суманак ё саману аст, ки тавассути занон бо як хушхоли ва нишоту шодмони омода мешавад.
Суманак дар чуш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем!
Суманак буи бахор аст,
Суманак рамзи бахор аст,
Иди наврузи муборак,
Иди Наврузи муборак!
Суманак дар чуш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем!
Ба чуз аз суманак, ки рамзи бахор аст, суфраи наврузи бо хафт навъи гизо, ки хафт син ном дорад, оро дода мешавад.
Оташпарак
«Оташпарак» аз дигар оийнхои Наврузи аст, ки ба хангоми фаро расидани нахустин рузи мохи фарвардин ё соли нав сурат мегирад. Се гулхан аз чуби дарахти сарв рушан мешавад ва мардум, бахусус чавонону духтарон аз болои шуълаи оташ мечаханд ва «сурхии ту аз ману зардии ман аз ту» мегуянд, ва ба ин васила кинаву кудурат ва гаму дарди худро берун мекунанд.
![]() |
Дар нахустин рузи Навруз, ки дар Точикистон бисту якуми март аст, маросими «Чуфтбаророн» сурат мегирад ва ба ин далел аз Навруз ба унвони иди бахор ва огози кишту кор барои кишоварзон ном мебаранд.
Маросиму ойинхои наврузи дар Точикистон, Афгонистон ва Ирон вижагихое дорад. Ба ин далел Додихудо Саймудинов, раиси пажухишгохи забон ва адабиёти Фархангистони улуми Точикистон бар ин назар аст, ки хамакнун барои ба як чашни вокеъан милли табдил додани Навруз бояд барномаи вижае тахия шавад.
Пруфессур Саймудинов афзуд: «Дар гузашта як суннати муштараки тачлил аз Навруз миёни мардуми ориёи вучуд дошт. Дар Точикистон, Ирон ва Афгонистон вижагихои махаллии тачлили Навруз вучуд дошт ва хануз хам роич аст. Ин суннатхоро бояд эхё кард ва тамомии ин сунанро дар як суннати муштарак барои тачлил аз Навруз омода кард, то маросимхои торихии тачлил аз Навруз ба вучуд биёяд».
Гашти идона
Дар хамин хол имруз хазорхо тан аз сокинони шахри Душанбе ва хумаи он
ба сайру гашти идона баромада дар порку гулгаштхои ин шахр рехтанд ва рузи нахусти тачлили иди Наврузро чашн гирифтанд. Карор аст, фардо дар порки «Дусти»-и шахри Душанбе ба истикболи Чашни Навруз тадобири фарханги ва тафрехи бо ширкати макомоти баландпояи Точикистон, ба вижа раиси чумхури ин кишвар баргузор шавад.
Ба гуфтаи масъулини вазорати фарханги Точикистон ин барнома шомили мухимтарин ойинхо ва сунани наврузии сокинони манотики мухталифи ин кишвар хохад буд. Хамчунин.ба ибтикори шахрдории Душанбе, дар варзишгохи марказии ин шахр ба муносибати иди Навруз бозихои мухталифи милли, ба хусус кушти сурат мегирад, ки голибони ин бозихо бо чавоиз ва хадоёи гаронбахо сарфароз гардонда мешаванд.
Чашни Навруз дар Точикистон ба муддати се руз идома хохад дошт ва ин рузхо дар ин кишвар таътил эълом шудааст. Ин дар холест, ки дар Ирон Наврузро ба муддати 13 руз ва дар бархе аз манотики шимоли Афгонистон худуди 40 руз чашн мегиранд.