BBCPersian.com
  •    راهنما
تاجيکستان
پشتو
عربی
آذری
روسی
اردو
 
به روز شده: 22:04 گرينويچ - پنج شنبه 13 نوامبر 2003
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
بخارای شريف از جامه فارسی درآمد و ازبک شد
 

 
بخارای شريف از مدتی پيش به ازبکی هم می نوشت اما اکنون جايی برای تاجيکی ندارد
بخارای شريف از مدتی پيش به ازبکی هم می نوشت اما اکنون جايی برای تاجيکی ندارد
 

هفته نامه "بخارای شريف" اولين نشريه فارسی تاجيکی در آسيای ميانه که در بخارا منتشر می شود زبان انتشار خودرا کاملا به ازبکی تغيير داده است.

مدير بخارای شريف دليل اين تغيير را مشکلات مادی عنوان می کند. در عين حال شماره نسخه های اين هفته نامه با تدبير جديد هم از 1500 نسخه فراتر نرفته است و نتوانسته شمارگان چند سال پيش خود يعنی 7 هزار نسخه را بدست آورد. بخارای شريف در 11 سال گذشته، يعنی بيشتر سالهای پس از استقلال ازبکستان از شوروی سابق، نشريه بنياد "آفتاب سغديان" بود که از اين پس با آن بنياد نيز نسبتی نخواهد داشت.

آگاهان معتقدند به دليل کاهش سال به سال مدارس تاجيکی در بخارا، زمينه اجتماعی و سواد استفاده از زبان فارسی تاجيکی در اين شهر رو به افول رفته است.

Хафтаномаи Бухорои шариф, аввалин нашрияи форсии точики дар мантакаи Осиёи Миёна ва нашрияе, ки бунёнгузори матбуоти точик махсуб мешавад, ахиран комилан ба як нашрияе ба забони узбеки табдил шуд. Харчанд фархангиёни точики Бухоро дар мавриди тагйири забони ин нашрия ба забони узбеки назароти мухталифе иброз мекунанд, аммо аксари онхо масъулони ин нашрияро мукассир медонанд ва изхори норизоят мекунанд. Дар хамин хол, масъулони рузнома иллати тагйири забони ин нашрияро мушкилоти моли хондаанд.

 

 Акнун ин хафтанома комилан ба турки, ба узбеки табдил шуда ва аз "Бухорои шариф" факат номаш мондаасту бас...Исо Рачабов, сардабири нашрия коре кардааст, ки гунохи азимест. Сардабири нашрия бояд истеъфо дихад, то хафтаномаро дубора ба забони точики чоп кунем

Аминчон Шукуров, нависандаи точик дар Бухоро

 

Дар холи хозир "Бухорои шариф" хафтае як бор ба забони узбеки ба тиражи 1500 нусха дар шахри Бухоро чоп мешавад. Хафтаномаи "Бухорои шариф", ки 11 соли ахир ба унвони нашрияи Бунёди фархангии точику форсхои Бухоро "Офтоби Сугдиён", чоп мешуд, аз ин пас нашрияи ин Бунёд махсуб намешавад. Аминчон Шукуров, нависандаи точик дар Бухоро мегуяд, ки чопи матолиб ба забонхои узбеки ва руси дар ин хафтанома чанд соли пеш огоз шуда буд:

"Акнун ин хафтанома комилан ба турки, ба узбеки табдил шуда ва аз "Бухорои шариф" факат номаш мондаасту бас...Исо Рачабов, сардабири нашрия коре кардааст, ки гунохи азимест. Сардабири нашрия бояд истеъфо дихад, то хафтаномаро дубора ба забони точики чоп кунем".

Аксари фархангиёни точики Бухоро бар ин акидаанд, ки Исо Рачабов метавонист рузномаи дигареро ба забони узбеки таъсис ва чоп кунад, вале на ба номи "Бухорои шариф".

Исо Рачабов, сардабири "Бухорои шариф" мегуяд, ки ба далели мушкилоти зиёди моли забони хафтаномаро тагйир додааст:

 

  "Мо маблаг надорем. Муассиси мо Бунёди фархангии точику форсхо "Офтоби Сугдиён" дигар натавонист нашрияро бо маблаг тамвил кунад ва хайати тахрир мачбур шуд, акаллан барои зинда нигах доштани номи "Бухорои шариф" ин хафтаномаро муваккатан ба забони узбеки чоп кунад

Исо Рачабов, сардабири "Бухорои шариф"

 

"Мо маблаг надорем. Муассиси мо Бунёди фархангии точику форсхо "Офтоби Сугдиён" дигар натавонист нашрияро бо маблаг тамвил кунад ва хайати тахрир мачбур шуд, акаллан барои зинда нигах доштани номи "Бухорои шариф" ин хафтаномаро муваккатан ба забони узбеки чоп кунад…Дар оянда вакте ки шароит аз лихози моли мусоид мешавад, дубора комилан забони хафтаномаро ба точики табдил хохем кард".

Маъруфи Рахгузар, хабарнигори сохибназар мегуяд, ки "Бухорои шариф" дар солхои 1912 ва 13 милоди низ ба кумак ва мусоиъдати молии муштариёнаш шадидан ниёз дошт, аммо фархангиён онро пос доштанд ва ин рузнома то замоне, ки тавассути чумокдорони вакт аз чоп мутаваккиф шуд, бо мусоидати ин фидоиёни фархангу забони форсии точики чоп мешуд. Окои Рахгузар дар мавриди ахамияти ин рузнома дар таърихи фарханги точик чунин мегуяд:

"Бухорои шариф", барои аввалин бор дар 12 мохи морси соли 1912 милоди, дар шахри Бухоро ба унвони як рузнома тавассути фархангиён ва чадидон, яъне навгароёни ин шахр, монанди Садриддин Айни, Мирзо Сирочи Хаким интишор шуд. Харчанд ин рузнома пас аз чопи 153 шумора тавассути Амир Олимхон, охирин амири аморати Бухоро ва хукумати Русияи тазори аз чоп мутаваккиф шуд, аммо ин нахуструзнома дар таърихи фарханги точик накши бузурге бозид. Аз ин чост, ки дар Точикистон 12 мохи морс хамасола ба унвони рузи Чашни матбуоти миллии точик тачлил мешавад".

Торихча

Харчанд тайи 70-у анди соли хукумати шурохо даххо рузнома ва мачалла ба забони форсии точики таъсис ва чоп шуд, аммо хар гуна талоши фархангиёни Бухоро барои эхёи чопи рузномаи "Бухорои шариф" ба нокоми мувочех шуд.Коршиносон мегуянд, ки аввалан унвони ин нашрия, ки сифати шарифро бо худ дошт, барои идеулужии камунисти ба далели ховии мухтавои мазхаби, кобили кабул набуд. Сониян, ин рузнома тавассути фархангиён ва чадидоне чоп шуда буд, ки пешрафти давлати Бухороро дар чахорчуби истиклоли милли мехостанд, на дар истеъмори Русияи тазори ва ё балшевикхо.

 

 теъдоди мадорису донишгоххо ба забони форсии точики дар Бухоро, сол ба сол кохиш меёбад ва ба далели махдуд шудани мухити истифодаи ин забон, теъдоди муштариёни нашрияхои точики низ ба тадрич кохиш меёбад.

 

Баъдан, Бухоро дар ахди шурохо дигар давлати мустакиле набуд, балки як устон дар Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Узбекистон эълом шуд. Пас аз фурупошии Иттиходи Шурави ва эъломи истиклоли Узбекистон, фархангиёни Бухоро боз хам талош карданд, ки аввалин нашрияи форсии точикиро дар ватанаш, яъне Бухоро акаллан ба форсии сирилик эхё кунанд. Дар нихоят, дар соли эъломи истиклоли Узбекистон дар соли 1991 милоди, форсизабонони Бухоро Бунёдеро тахти унвони Чамъияти мадании точику форсхои Бухоро ба номи «Офтоби Сугдиён»-ро таъсис карда ва пас аз талошхои мудовим пас аз як сол муваффак шуданд, ки рузномаи "Бухорои шариф"ро ба унвони як хафтанома ва органи нашаротии ин Бунёд чоп кунанд.

Эхёи ин нашрия мадюни талошхои мудовим ва беподоши афроди фархангдусте, монанди шодравон Махмудчон Вохидов, пажухишгар, хабарнигор, адабиётшинос ва устоди Донишгохи Бухоро, ки худ аз форстаборхои рустои Зирободи хумеи шахри Когони устони Бухоро буд.

Паси, пас аз эхё...

Ба гуфтаи фаъолони Бунёди фархангии точику форсхои Бухоро, тайи ин муддат, дар баъзе аз солхо, тирожи Бухорои Шариф то ба 7 хазор нусха расид, аммо акнун ба далоили мухталиф, теъдоди муштариёнаш ба маротиб кохиш ёфтааст. Бархе аз мардум, раванди факру бекориро, ки чанд соли пеш дар ин кишвар шуруъ шудааст, аз авомили мухими кохиш ёфтани теъдоди муштариёни ин хафтанома медонанд.

Дар хамин хол, ба акидаи сохибназарон, теъдоди мадорису донишгоххо ба забони форсии точики дар Бухоро, сол ба сол кохиш меёбад ва ба далели махдуд шудани мухити истифодаи ин забон, теъдоди муштариёни нашрияхои точики низ ба тадрич кохиш меёбад.

 
 
اخبار روز
 
 
اين صفحه را برای دوستان خود بفرستيد صفحه بدون عکس
 
 
 
   
 
BBC Copyright Logo بالا ^^
 
  صفحه نخست|جهان|ايران |افغانستان |تاجيکستان |ورزش |دانش و فن |اقتصاد و بازرگانی |فرهنگ و هنر |ویدیو
روز هفتم |نگاه ژرف |صدای شما |آموزش انگليسی
 
  BBC News >>|BBC Sport >>|BBC Weather >>|BBC World Service >>|BBC Languages >>
 
  راهنما | تماس با ما | اخبار و اطلاعات به زبانهای ديگر | نحوه استفاده از اطلاعات شخصی کاربران